Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

Аз боғи ибодат гули хушбӯи ҷаҳон рафт, Он моҳи иҷобат маҳи | Програмист 👨‍💻

Аз боғи ибодат гули хушбӯи ҷаҳон рафт,
Он моҳи иҷобат маҳи меҳр, зуду давон рафт!
Ё Раб, ҳама моҳат хубу фархунда бароям,
Аммо маҳи фархундатаринат – Рамазон рафт!
То соли дигар фурсати ҳастӣ талаби мо,
Ҳар касро насиб сози Худоё нигарон рафт!
Ҳар каф ба дуо дар ҳақи онҳо, ки набошанд,
То соли дигар гуфта шавад он, ки фалон рафт!
Мо ҳам биравем пас-паси ҳам аз пайи тақдир,
Рӯзе, ки гусаст риштаи умре, ки ба ҷон рафт!
Эй дӯст манол пеши касон аз аҷалу марг,
Зеро, ки касеро, ки Худо хост, ҳамон рафт!!!

Ҳамаи Шумо азизони дилу дидаро ба фарорасии иди мубораки Рамазон табрик гуфта, аз даргоҳи Аллоҳи меҳрубон хоҳони онам, ки:

-Ҳама беморонро шифо;
-Ҳама зиндониёнро раҳо;
-Ҳама мардонро ғайрат;
-Ҳама занонро иффат;
-Ҳама қалбҳоро оромиш;
-Ҳама мушкилотро осонӣ;
-Ҳама қарздоронро халосӣ;
-Ҳама роҳгумонро роҳе;
-Ҳама бечорагонро лутфе;
-Ҳама дардмандонро давое
-Ҳама бекасонро паноҳе;
-Ҳама хонаҳоро сафое;
-Ҳама тавбаҳоро қабул;
-Ҳама ибодатҳоро мақбули даргоҳат гардон, Ё Арҳамар-Роҳимин. Омин!